Эрон суйқасди алайҳи нахуствазири Словакияро маҳкӯм кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i114384
Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон , сӯйқасди алайҳи нахуствазири Словакияро маҳкӯм кард .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 16, 2024 11:29 Asia/Dushanbe
  • Эрон суйқасди алайҳи нахуствазири Словакияро маҳкӯм кард
    Эрон суйқасди алайҳи нахуствазири Словакияро маҳкӯм кард

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон , сӯйқасди алайҳи нахуствазири Словакияро маҳкӯм кард .

«Роберт Фико » нахуствазири Словакия ки ҳамвора мухолифи ҳимоятҳои Ғарб аз Украина будааст , рӯзи ( чаҳоршанбе ) пас аз хурӯҷ аз нишасте бо ҳузури аъзои давлат , мавриди исобати чанд гулӯла қарор гирифт ва захмӣ шуд .

Ба гузориши хабаргузории Меҳр , “ Носири Канъонӣ “ сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон , сӯйқасди анҷом шуда алайҳи Роберт Фико нахуствазири Ҷумҳурии Словакияро маҳкӯм кард ва барои вай саломатӣ ва беҳбудии оҷил орзӯ намӯд .

Бархе манобеи хабарӣ вазъияти ҷисмонии нахуствазири Словакияро вахим гузориш кардаанд .