Дидори додситони кулли Эрон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон
Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидор ва дар бораи масоили мавриди алоқаи дуҷониба табодули назар кард.
Додситони кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ширкат дар панҷумин иҷлоси додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ "ЭКО" ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар кардааст.
Аввалин иҷлоси додситонҳои кулли кишварҳои узви ЭКО апрели 2012 ба мизбонии Эрон, дувумин иҷлос 2015 дар Туркия, севумин иҷлос соли 2017 дар Покистон, чаҳорумин иҷлос низ дар августи 2023 дар ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шудааст.
Ба гузориши ИРНА,ҳуҷҷатулислом Муҳаммадкозим Муваҳҳидии Озод-додситони кулли Эрон имрӯз (панҷшанбе), дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар аз ҷумла ҳамкориҳои қазоӣ гуфтугӯ кард.