Январ 08, 2017 15:45 Asia/Dushanbe
  • Бонки марказии Эрон: Иддаоҳои Бобаки Занҷонӣ дурӯғ аст

Бинобар эъломи Бонки марказии Эрон, Бобаки Занҷонӣ дар бораи ҳисобҳояш дар Тоҷикистон, Туркия, Малайзия ва Русия дурӯғ гуфтааст.

Равобити умумии Бонки марказии Эрон бо интишори иттилоияе иқдомоти худро дар пайгирии  парвандаи Бобак Занҷонӣ ва бозпасгирии пулҳои ҳосил аз фурӯши нафти  рон, ташреҳ кард.

Равобити умумии Бонки марказии Эрон дар иттилоияи худ таъкид кардааст, ки ҳайатҳои коршиносии ин бонк ба манзури баррасии иддаоҳои Бобаки Занҷонӣ дар бораи ҳисобҳои бонкӣ ва маболиғи мавҷуд дар онҳо ва ё имкони дарёфти замонатнома аз бонкҳои хориҷӣ, ба кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Малайзия ва Туркия эъзом шудаанд, ки ҳар бор иддаои муттаҳам маълум мешавад дурӯғ будааст.

Бонки марказии Эрон дар ин иттилоия аз садҳо соати кори коршиносон ва эътиборсанҷӣ ва радгирии даҳҳо маврид аз иддаоҳои Бобаки Занҷонӣ хабар додааст, ки баррасии сипурдагузории бонки Канти Тоҷикистон назди муассисаи эътибори тавсеа ва исботи ғайри воқеӣ будани маншаи ин сипурдаҳо аз он ҷумла аст.

Ҳамчунин бар асоси ин иттилоия, Бонки марказии Эрон ҳафтаи гузашта эътибори асноди як бонки Тоҷикистонро баррасӣ ва назари коршиносии худро ироа кардааст.

Бобаки Занҷонӣ ба ҳамроҳи ду муттаҳами дигар дар парвандаи пур сару садои фасоди нафтӣ, моҳи марти 2016 ба эъдом, бозгардондани мол ва ҷазои нақдӣ маҳкум шудааст.