Раиси ҷумҳури Ироқ:Эрон дар умури дохилии Ироқ дахолат надорад
(last modified Thu, 16 May 2024 14:28:55 GMT )
Май 16, 2024 19:28 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳури Ироқ:Эрон дар умури дохилии Ироқ дахолат надорад

Раиси ҷумҳури Ироқ бо радди иттиҳомҳои беасос зидди Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури дохилии Ироқ ҳеҷ гуна дахолат надорад.

 Ба гузориши хабаргузории донишҷуёни Эрон (ИСНА),Абдуллатиф Ҷамол Рашид-раиси ҷумҳури Ироқ дар гуфтугӯи телевизионӣ тасреҳ кард, робитаи Ироқ бо Эрон таърихӣ ва қавӣ буда ва ихтилофҳои марзии Бағдод ва Теҳрон аз тариқи анҷоми гуфтугӯ ҳал шудааст.

 Ҷамол Рашид  ҳамчунин бо эъломи ҳимоят аз ташкили кишвари мустақили Фаластин, фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таваққуфи куштор дар борикаи Ғазза ва вуруди кумакҳои башардӯстонаро хостор шуд.

 Раиси ҷумҳури Ироқ бо ишора ба инки дигар кишварҳо марзҳо ва амнияти Ироқро поймол мекунанд, аммо расонаҳо дар мавриди он сухане намегӯяанд, ёдовар шуд, ки мудохилоти Туркия дар умури Ироқ ҳамчунон идома дорад ва мақомоти Бағдод ба думболи дастёбӣ ба роҳкоре барои ҳалли мушкилот бо мақомоти Анқара аст.