Теҳрон иддаои сарони Иттиҳоди Араб дар бораи ҷазоири сегонаи эрониро маҳкум кард
-
Эрон ҷазоири сегонаро ҷузъи ҷудонашавандаи хокаш медонад
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон банди марбут ба ҷазоири сегонаи эронии воқеъ дар халиҷи Форс, мундариҷ дар баёнияи сивусеюмин нишасти сарони Иттиҳоди Араб дар Баҳрайнро қобили қабул надонист ва онро маҳкум кард.
Ба гузориши Исна, Носири Канъонӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои ахири Иттиҳоди Араб дар бораи ҷазоири сегонаи эронӣ гуфт, ҷазоири сегонаи Бумӯсо, Тунби бузург ва Тунби кучак ҷузъи ҷудонашавандаи абадии сарзамини Ҷумҳурии исломии Эрон будаву тарҳи иддаоҳои беасос дар ин баёния мардуд аст.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар солҳои ахир дар шароите иддаои арзӣ дар бораи ҷазоири сегонаи эрониро матраҳ кард, ки замоне Эрон ҷазоири сегонаи Бумӯсо, Тунби бузург ва Тунби кучакро аз Британия пас аз 68 сол дар 30 ноябри 1971 пас гирифт, кишваре ба исми Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҷуғрофиёи ҷаҳон вуҷуд надошт ва ин кишвар пас аз истиқлоли амирнишинҳои 6 гона аз истеъмори Британия дар 2 декабри 1971 таъсис ва дар марҳалаи баъд ҳафтумин амирнишин, яъне Раъсалхайма дар 9 феврали 1972 ба он мулҳақ шуд.