Январ 08, 2017 18:06 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоби исломӣ: Англисҳо ба дунболи таҷзияи кишварҳои минтақа ҳастанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд, душманони аслии Эрони мустақилу пеш‌раванда Амрико, Англия, зарсолорон (сармоядорон)-и байналмилалӣ ва саҳюнистҳо ҳастанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ имрӯз –якшанбе дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми шаҳри Қум, ки барои мулоқот бо эшон ба Теҳрон омада буданд, вуҷуди душманони аслии хориҷӣ барои ҷумҳурии исломиро на як шиор, балки воқеияте асосёфта бар мабонии мустадал донистанд.

Эшон гуфтанд, вазири умури хориҷаи ба истилоҳ “хушахлоқ”-и Амрико дар номаи худоҳофизии худ ба давлати баъдӣ тавсия мекунад, ба Эрон сахт бигиред ва таҳримҳоро ҳифз кунед, зеро бо сахтгирӣ метавон аз Эрон имтиёз гирифт. Ин душмани хандон бо он душмане, ки Эронро меҳвари шарорат мехонад, ҳеч тафовуте надорад.

Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин дар бораи душмании англисҳо гуфтанд,  Англия, истеъморгари пири аз корафтода, акнун бори дигар ба халиҷи Форс омадаву қасд дорад бо истифода аз кишварҳои ин минтақа, манофеи худро ба даст овараду ба ҳамин далел дар ҳоле ки худ як “таҳдиди воқеӣ” аст, иддао мекунад, ки Эрон таҳдид аст.

Эшон гуфтанд, маҳофили англисӣ дар ҳоли барномарезӣ ва тасмимгирӣ барои кишварҳои минтақаву Эрон ҳастанд ва яке аз аҳдофи онҳо таҷзияи Ироқ, Сурия, Яман ва Либия аст ва дар мавриди Эрон ҳам ҳамин ниятро доранд, аммо чун ба шиддат аз афкори умумии Эрон ҳарос доранд, онро бар забон намеоваранд.

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд, англисҳо ба пиндори худ, дар ҳоли барномарезӣ барои маҳдудиятҳову таҳримҳои даврони баъд аз БАРҶОМ ва ҳамчунин омӯзишу мусаллаҳ кардани афроди бумӣ дар минтақаву дар Эрон ҳастанд то ин афрод ба ҷони низоми исломӣ ва миллат биафтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ба барномарезӣ ва тарроҳии ҳайатҳои андешаварзи амрикоиву англис барои муқобила бо “дини сиёсӣ” ва таблиғи шиори  “ҷудоии дин аз сиёсат” ишора карданду афзуданд: “Онҳо ба дунболи “дини гӯшаи масҷиду дохили хонаву фақат дар даруни афрод” ҳастанд, на “дини ҳамроҳ бо амал дар иқтисоду сиёсату ҳамроҳ бо зери бори душман нарафтан”.

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, душман аз он дине метарсад, ки давлат, иқтисод, қудрат, сиёсат, артишу системаи моливу идорӣ дорад, бинобар ин маърифати динии саҳеҳ ҷудо надонистани дин аз зиндагиву сиёсат аст.

 

Барчасп