Муаррифии расмии ҷонишини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид
Сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номаҳои расми мудури қувваи муҷрия ва сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эронро ба унвони ҷонишинони муваққат ба ин ниҳоди байналмилалӣ муаррифи кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирсаъиди Еравонӣ сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номаҳои расмӣ ба Антони Гутерриш дабирикули ин созмон, Денис Франсис раиси ҳафтодуҳаштумин маҷмаъи умумӣ ва Педру Комисориу Офунсу раиси шурои амният, Муҳаммади Мухбир, мудури қувваи муҷрия ва Алии Боқири Канӣ сарпарасти Вазорати умури хориҷаро ба унвони ҷонишинони муваққати Сайид Иброҳими Раисӣ ва Ҳусейн Амирабдуллоҳён ба Созмони Милали Муттаҳид муаррифи кард.
Ҳамчунин дар ҳукмӣ аз суи ҳайати давлат Алии Боқири Канӣ муовини сиёсии Вазири умури хориҷа ба унвони сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон таъин шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рузи душанбе дар паёми бо таслияти шаҳодат Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷаи Эрон ва дигари ҳамроҳон дар сониҳаи ҳавоӣ, Муҳаммади Мухбир, муовини аввали раиси ҷумҳуриро тибқи асли 131 қонуни асосӣ дар мақоми мудирияти қувваи муҷрия муваззаф карданд ба ҳамроҳии раисони қувои муқаннана ва қазоия тартиб диҳанд ки зарфи ҳаддиаксар панҷоҳ руз раиси ҷумҳури ҷадид интихоб шавад.
Сайид Иброҳими Раисӣ ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон асри якшанбе 19 май дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи сади Қизи Қалъаи Си ба самти шаҳри Табрез дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон дучори сониҳа ҳавоӣ шуд ва ба ҳамроҳи Ҳусейн Амирабдуллоҳён вазири умури хориҷа ва дигари ҳамроҳон, ба мақоми рафиъи шаҳодат нойил шуд.