Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар пайкари шуҳадои хидмат намоз иқома карданд
-
Иқомаи намози Раҳбари инқилоб бар пайкари шуҳадои хидмат
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бар пайкари раиси ҷумҳури шаҳид ва ҳамроҳони эшон намоз иқома карданд.
Болгарди ҳомили Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри якшанбе (19 май) дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди “Қизқалъаси” ба самти шаҳри Табрез, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон, дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва суқут кард ва ба ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа, имоми ҷумъаи Табрез, устондори Озарбойҷони Шарқӣ ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми болои шаҳодат ноил омаданд.
Ба гузориши ИРНА, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб субҳи имрӯз (чаҳоршанбе) дар Донишгоҳи Теҳрон бар пайкари раиси ҷумҳурии шаҳиду ҳамроҳони эшон намоз иқома карданд.
Маросими ташйиъи шуҳадои хидмат аз субҳи имрӯз - чаҳоршанбе бо ҳузури ҷамъи зиёде аз мардум, руасои қувои сегона, мақомот, масъулони кишвариву лашкарӣ бо қироати оёте аз Қуръони Маҷид оғоз шудааст.
Пас аз иқомаи намоз, пайкари Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳур, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа, оятуллоҳ Сайид Муҳаммадалӣ оли Ҳошим, намоянда валии фақеҳ ва имоми ҷумъаи Табрез, Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ, Сайид Маҳдии Мӯсавӣ, сартими ҳифозати раисиҷумҳур ва се нафар аз тими парвоз, аз Донишгоҳи Теҳрон ба самти майдони Озодӣ бар дастони мардуми худоҷӯ ташйиъ шудааст.
Маросими видои мардуми Теҳрон (пойтахт) ҳам бо раиси ҷумҳур ва ҳамроҳони эшон дишаб дар Мусаллои имом Хумайни (раҳ)-и Теҳрон баргузор шуда буд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта низ дар истиқболе беназир, мардуми Табрезу Қум дар маросими видоъ бо пайкари Сайид Иброҳими Раисӣ ва дигар шуҳадои ин сониҳа ҳузур ёфтанду маросиме миллионӣ барои видоъ бо пайкари шуҳадои хилмат рақам заданд.