Сайри суъуди тиҷорати хориҷии 32 моҳаи хизмати раисиҷумҳӯри шаҳиди Эрон
Бар асоси омори гумрукии Ҷумҳурии Исломии Эрон , тиҷорати хориҷии кишвар дар 32 моҳи хизмати Сайид Иброҳими раисӣ раисиҷумҳӯри шаҳиди Эрон ба беш аз 301 миллиард доллар расид .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , омори гумруки Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард , дар 32 моҳи хизмати шаҳид « Сайид Иброҳими Раисӣ » раисиҷумҳӯри шаҳиди давлати сездаҳуми Эрон ( аз шаҳривари 1400 то поёни фарвардини 1403 ) наздики 347 миллион тон коло ба арзиш беш аз 137 миллиарду 800 миллион доллар аз кишвар содир шуд ки ин мизон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи ибтидои кори давлати давоздаҳум ( аз шаҳривари 1396 то поёни фарвардини 1399 ) аз назари арзиши 17/19 дарсад ва аз лиҳози вазни 1/5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Барасоси омори гумруки воридоти Эрон , дар тӯли 2 солу 8 моҳ ( шаҳривари 1400 то фарвардини 1403 ) давлати сездаҳум беш аз 104 тони коло ба арзиши беш аз 164 миллиард доллар сабт шуд ки ин мизон дар муқоиса бо муддати мушобеҳи давлати давоздаҳум ( шаҳривари 1396 то фарвардини 1399 ) аз назари вазни 15/17 дарсад ва аз назари арзиши 36/36 афзоиш доштааст .