Маросими бузургдошти «шаҳидиҷумҳур» дар Ҳарами Разавӣ баргузор мешавад
Маросими бузургдошти «шаҳидиҷумҳур» имрӯз, ҳамзамон бо намози мағрибу ишоъ дар боргоҳи малакутии имом Ризо (а) баргузор мешавад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои маркази Хуросони Разавӣ, маросими бузургдошти шаҳидиҷумҳур, ходим-ур-Ризо (а), шаҳид оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони шаҳидаш ҷумъаи 4 хурдод, ҳамзамон бо намози мағрибу ишоъ дар равоқи имом Хумайнӣ (раҳ)-и Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ баргузор хоҳад шуд.
Ин маросим аз тарафи намояндаи валии фақеҳ дар устони Хуросони Разавӣ ва имоми ҷумъаи Машҳад, сарпарасти Остони Қудси Разавӣ ва мудирияти Шӯрои олии ҳавзаи илмияи Хуросон ва устондори Хуросони Разавӣ тадорук дида шудааст.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Аҳмади Хотамӣ дар ин маросим суханронӣ ва Ҳоҷи Аҳмади Воъизӣ низ маддоҳӣ ва марсиясароӣ хоҳад кард.