Ташйиъи пайкари устондори шаҳиди Озарбойҷони Шарқӣ дар Мароға
Маросими ташйиъи пайкари шаҳид Молики Раҳматӣ, устондори Озарбойҷони Шарқӣ бо ҳузури масъулону ҷамъи зиёде аз мардум дар Мароға баргузор шуд.
Пайкари шаҳид Раҳматӣ ба гулшани Заҳрои Мароға ва дар ҷавори шуҳадо ба хок супурда шуд.
Ҳамчунин пайкари шаҳид Сайид Маҳдии Мӯсавӣ, сартими ҳифозати раисиҷумҳури шаҳиди Эрон низ дар ҳарами ҳазрати Абдулазими Ҳасанӣ (а) ором гирифт.
Маросими ташйиъи сардори шаҳид Сайид Маҳдии Мӯсавӣ, аз шуҳадои хидмати сониҳаи ҳавоии болгарди раисиҷумҳур бо ҳузури густардаи мардуму масъулон дар Рай баргузор шуд.
Шаҳид Раҳматӣ, устондори шаҳиди Озарбойҷони Шарқии Эрон ва сардор шаҳид Сайид Маҳдии Мӯсавӣ рӯзи якшанбеи 30 урдибиҳишти 1403 (19 майи 2024) дар ҳамроҳӣ бо раиси давлати Эрон пас аз ифтитоҳи садди «Қизқалъаси» дар минтақаи Варзақон дучори сониҳаи суқути болгард шуданд ва ба шаҳодат расиданд.
Дар ин ҳодиса оятуллоҳ Раисӣ ба ҳамроҳи ҳуҷҷатулислом Сайид Муҳаммадалӣ Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва теъдоде аз хадамаи парвоз ба дараҷаи рафеи шаҳодат ноил омаданду маросими ташйиъи бошукуҳ барои ин шуҳадо дар Табрез, Қум ва Теҳрон, Бирҷанд ва Машҳад баргузор шуд.