Май 25, 2024 21:12 Asia/Dushanbe

Миллипушони хакеи салонии Ҷумҳурии Исломии Эрони нуҳумин бор бар саккуи қаҳрамонии мусобиқот Осиё истоданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо; имруз шанбе дар дидори поёнии рақобатҳои хакеи дохили салони Осиё ба мизбонии кишвари Қазоқистон , тими миллии Эрон муваффақ шуд бо натиҷаи ҳафт ба як Малайзияро шикаст диҳад ва нуҳумин бор қаҳрамонии мусобиқотро ҷашн бигирад.

Барасоси ин гузориш хакебозони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар марҳалаи гуруҳии ин мусобиқот , муқобили тимҳои Сингапур , Тойланд , Тоҷикистон ва Қазоқистон пируз шуданд ва баробари Малайзия низ ба натиҷаи тасовии даст пайдо карданд.

Хабари варзишии дигари ин ки шиногари истиқоматии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷараёни мусобиқоти шинои озоди Малайзия , муваффақ шуд рекорди миллии модаҳои 400 ва 1500 метри озодро ҷобаҷо кунад.

Алии Ҷаъфарӣ шиногари истиқоматии Эрон муваффақ шуд дар ҷараёни шастушашумин давраи мусобиқоти шинои озоди Малайзияи 2024 интихобии олимпии Порис ду рекорди миллии ҷадид дар масофати баланд ба сабт бирасонад.

Барчасп