Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ даъвати ҳақро лаббайк гуфт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11467-Оятуллоҳ_Ҳошимии_Рафсанҷонӣ_даъвати_ҳақро_лаббайк_гуфт
Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон шомгоҳи якшанбе даъвати ҳақро лаббайк гуфт.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 08, 2017 21:59 Asia/Dushanbe
  • Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ даъвати ҳақро лаббайк гуфт

Раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон шомгоҳи якшанбе даъвати ҳақро лаббайк гуфт.

Оятуллоҳ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, аз пешгомони инқилоби исломӣ пас аз умре муҷоҳидату талоши бевақфа дар роҳи таҳаққуқи инқилоби исломӣ, шомгоҳи шанбе дар синни 82 -солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ асри якшанбе ба далели оризаи қалбӣ дар бемористони шуҳадои Таҷриши Теҳрон бистарӣ шуда буд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломӣ имрӯз бо ҳузур дар бемористони шуҳадои Таҷриш бар сари пайкари он ёри дерини инқилоби исломӣ ҳозир шуд.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ аз чеҳраҳои аслии инқилоби исломии 1357 (1979) буд, ва дар солҳои пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ симматҳои муҳиме чун узвият дар Шӯрои инқилоби исломӣ, раёсати Маҷлиси Шӯрои исломӣ, раёсати ҷумҳурӣ ва раёсати Маҷлиси хубрагони раҳбариро бар ӯҳда дошт.