Май 26, 2024 17:57 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббоси Ироқчӣ
    Сайид Аббоси Ироқчӣ

Дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, таҳдиди ҳастаии режими Исроил муодилаи амниятиро дар минтақа тағйир хоҳад дод ва дигаронро маҷбур мекунад, ки дар мавқеияти ҳастаии худ бозандешӣ кунанд.

Сайид Аббоси Ироқчӣ, дабири Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти “Мувозинаи баъд аз Тӯфонулақсо дар сатҳи минтақаӣ” дар чорчӯби семинари шабакаи телевизионии “Алҷазира” дар Қатар, бо ишора ба афзоиши танишҳои ҳастаӣ ба иллати таҳдидҳои режими саҳюнистӣ афзуд, Исроил доштани силоҳи ҳастаиро на рад ва на таъйид кардаву гузинаи ибҳоми роҳбурдиро дар ин замина баргузида, аммо баъд аз амалиёти Тӯфонулақсо ва гузашти ҳашт моҳ аз муқовимат дар Ғазза, акнун Тел-Авив маҷбур шуда, ки аз чорчӯби ин ибҳоми роҳбурдӣ хориҷ шавад.

 

Барчасп