Май 27, 2024 10:01 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии ҷавонони Эрон дар мусобиқоти тениси рӯй мизи Осиёи Марказӣ

Духтарон ва писарони бозии тениси рӯй мизи Эрон дар охирин дидор бо пирӯзӣ баробари Қирғизистон , қаҳрамони мусобиқоти ҷавонони Осиё Марказӣ шуданд.

Ба гузориши Ирно , тими духтарон ва писарони ҷавонони тениси рӯй мизи Эрон имрӯз ( якшанбе ) бо пирӯзии се бар сифр дар муқобили Қирғизистон зимни касби унвони қаҳрамонӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба рақобатҳои қаҳрамонии Осиё низ суъӯд карданд .Дар рӯзи поёнии мусобиқоти Осиёи Марказӣ ки ба мизбонии Қазоқистон баргузор шуд , духтарони тениси рӯй мизи Эрон ки дар рӯзи нахуст муваффақ ба шикасти Қазоқистон шуда буд ва дар рӯзи дувуми Узбекистонро аз пеш рӯ бардошта буд ва суъӯди худ ба қаҳрамонии Осиёро қатъӣ карда буданд , бо пирӯзии се бар сифр дар баробари Қирғизистон сеюмин ҳарифи худ , муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии ин рақобат ҳо шуданд .