Май 27, 2024 18:19 Asia/Dushanbe
  • Муҳамади Мухбир ба роҳбурдамон дар тақвияти ҳамкори бо кишварҳои исломӣ пойбандем
    Муҳамади Мухбир ба роҳбурдамон дар тақвияти ҳамкори бо кишварҳои исломӣ пойбандем

Мудури қувваи муҷрияи Эрон, шаҳидон Иброҳими Раисӣ ва Ҳусейн Амирабдуллоҳёнро сармояи арзишманд барои ҷаҳони ислом донисту гуфт: Эрон дар тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ба вижа бо кишварҳои исломӣ ва ҳамсу мусаммам аст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммади Мухбир мудири қувваи муҷрияи ва сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор Молики Ҷолу раиси маҷлиси миллии Моли зимни ташаккур аз ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагии давлат ва мардуми ин кишвар бо давлат ва миллати Эрон, дар пайи шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ раиси ҷумҳур ва Ҳусейни Амирабдуллоҳиён вазири умури хориҷаи шаҳид Эрон гуфт: Гарчи фиқдони ин ду шахсияти бузургвор сахт аст, аммо Эрон ҳамчунон дар амал ба роҳбурди раиси ҷумҳури фақид дар густариш ва тақвияти иртиботот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ба вижа бо кишварҳои исломӣ ва ҳамсу мусаммам аст.

Молики Ҷолу раиси маҷлиси миллии Моли ҳам дар ин дидор гуфт: Ҳузури шаҳидони Иброҳими Раисӣ ва Амирабдуллоҳён дар садри низоми Ҷумҳурии Исломии Эрони мояи умеди кишварҳои исломӣ ва ҷаҳон ислом буданд.

Раиси маҷлиси миллии Моли зимни орзуи муваффақият барои Муҳаммади Мухбир дар масъулияти ҷадид, ба алоқамандӣ ва иродаи кишвараш барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора ва иброз умедвори кард ки раванди густариши ҳамкориҳои фимобин ҳамчун давраи раиси ҷумҳури фақиди Эрон дар давраи пеширо низ тадовум ёбад.