Оғози сабти номи довталабони раёсати Ҷумҳурӣ аз имрӯз панҷшанбе дар Эрон
Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози сабти номи довталабони раёсати Ҷумҳурӣ аз панҷшанбе ба муддати 5 рӯз хабар дод .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , Аҳмади Ваҳидӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон , гуфт : Ҳамаи муқаддамот барои баргузории интихоботи фароҳам ва корҳоӣ мисли ташкили ситоди интихобот , ташкили ҳайатҳои иҷроӣ , иблоғ ба устонҳо ва ташкили камиссиюни таблиғоти ки дар қонӯн пешбинӣ шуда буд , иттифоқ афтода ва фардои панҷшанбе рӯзи аввали сабти ном довталабонаст .
Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд : Аз соъати 8 субҳ то 6 баъд аз зуҳр ба муддати панҷ рӯз довталабони раёсат Ҷумҳурӣ метавонанд сабт ном кунанд . Довталабон бар асоси шароите, ки пешбинӣ шудааст бояд ҳоизи шароити суннӣ ва надоштани маҳкумиятҳои кайфарӣ ва соири шароите, ки дар иблоғияҳо ҳаст , бошанд .
Ваҳидӣ идома дод : Баъд аз сабтином , эҳрози ҳувиятҳо ба ӯҳдаи Шӯроӣ нигаҳбон хоҳад буд .