Ноибқаҳрамонии намояндаи тенниси Эрон дар тӯри ҷаҳонии Словения
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i121104
Порс-Тудей. Намояндаи Эрон унвони ноибқаҳрамонии рақобатҳои тӯри ҷаҳонии 15 ҳазор-долларии тенниси Словенияро аз они худ кард.
(last modified 2025-07-22T02:33:27+00:00 )
Июл 21, 2025 13:06 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии намояндаи тенниси Эрон дар тӯри ҷаҳонии Словения
    Ноибқаҳрамонии намояндаи тенниси Эрон дар тӯри ҷаҳонии Словения

Порс-Тудей. Намояндаи Эрон унвони ноибқаҳрамонии рақобатҳои тӯри ҷаҳонии 15 ҳазор-долларии тенниси Словенияро аз они худ кард.

Тӯри ҷаҳонии 15 ҳазор-долларии тенниси Словения бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталиф баргузор шуд.

Ба гузориши Порс-Тудей, Касро Раҳмонӣ, теннисбози эронӣ дар дидори поёнии ин рақобатҳо баробари Эмилиен Деманет аз кишвари Белгия қарор гирифт ва дар ниҳоят унвони ноибқаҳрамониро аз они худ кард.

Раҳмонӣ дар ин мусобиқот бозиҳои худро аз ҷадвали муқаддамотӣ оғоз ва ба тартиб бозикуноне аз кишварҳои Словения, Италия, Чехия ва Фаронсаро аз пеши рӯ бардошта буд