Оғози сабти номи довталабони раёсати Ҷумҳурӣ аз имрӯз панҷшанбе дар Эрон
(last modified Thu, 30 May 2024 04:49:19 GMT )
Май 30, 2024 09:49 Asia/Dushanbe
  • Оғози сабти номи довталабони раёсати Ҷумҳурӣ аз имрӯз панҷшанбе дар Эрон
    Оғози сабти номи довталабони раёсати Ҷумҳурӣ аз имрӯз панҷшанбе дар Эрон

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози сабти номи довталабони раёсати Ҷумҳурӣ аз панҷшанбе ба муддати 5 рӯз хабар дод .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , Аҳмади Ваҳидӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон , гуфт : Ҳамаи муқаддамот барои баргузории интихоботи фароҳам ва корҳоӣ мисли ташкили ситоди интихобот , ташкили ҳайатҳои иҷроӣ , иблоғ ба устонҳо ва ташкили камиссиюни таблиғоти ки дар қонӯн пешбинӣ шуда буд , иттифоқ афтода ва фардои панҷшанбе рӯзи аввали сабти ном довталабонаст .

Вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдовар шуд : Аз соъати 8 субҳ то 6 баъд аз зуҳр ба муддати панҷ рӯз довталабони раёсат Ҷумҳурӣ метавонанд сабт ном кунанд . Довталабон бар асоси шароите, ки пешбинӣ шудааст бояд ҳоизи шароити суннӣ ва надоштани маҳкумиятҳои кайфарӣ ва соири шароите, ки дар иблоғияҳо ҳаст , бошанд .

Ваҳидӣ идома дод : Баъд аз сабтином , эҳрози ҳувиятҳо ба ӯҳдаи Шӯроӣ нигаҳбон хоҳад буд .