Январ 09, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби густардаи даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар расонаҳои ҷаҳон

Хабари даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва аз пешгомони инқилоби исломии Эрон, билофосила ба хабари аввали расонаҳои маҷозӣ, навишторӣ, дидорӣ ва шунидории ҷаҳон табдил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузориҳои Фаронса, Ройтерс, Ассошиэйтед Пресс, BBC, нашриёти Индипендент ва Ню-Йорк Таймс ва дигар расонаҳои байналмилалӣ билофосила хабари даргузашти Оятуллоҳ Рафсанҷониро дар шомгоҳи якшанбе бозтоб доданд.

Расонаҳои хабарии арабизабони Русия Алюм, Алъарабия, Алсумария Ниюз, Албавобаи Миср, Ройтерси арабӣ, AsiaSat, пойгоҳи Алъон ва Deutsche Welle-и арабӣ ва теъдоди дигаре аз пойгоҳҳои арабизабон дар хабарҳои фаврӣ эълом карданд, ки Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дори фониро видоъ гуфт.

Расонаҳои хабарии Туркия, Покистон ва Ҳинд низ дар нахустин дақоиқи даргузашти Оятуллоҳ Акбари Ҳошимии Рафсанҷонӣ хабари даргузашти ӯро мунъакис карданд .

Хабари даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳамчунин хабари нахусти расонаҳои русизабон буд .

 

Барчасп