Бозтоби паёми Раҳбари инқилоб барои донишҷуёни амрикоӣ
Паёми Раҳбари инқилоб барои донишҷуёни амрикоӣ, ки дар ҳимоят аз миллати мазлум Фаластин даст ба тазоҳуротҳои густурда дар Амрико заданд, бозтоб мухталифе доштааст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, паёми Раҳбари инқилоб барои донишҷуёни амрикоӣ, ки дар ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин даст ба тазоҳуротҳои густурда дар Амрико заданд, бозтоби мухталифе доштааст.
Эътироф ба шикасти Амрико дар муқобили тафаккури Раҳбари муаззами Эрон
Майк Ҷонсон, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико бо бознашри матни паёми Раҳбари муаззами инқилоб ба донишҷуёни амрикоӣ навишт: Агар оятуллоҳро розӣ кардаед, Амрикоро аз даст додаед.
Ҳозим Клас-мудири дафтари шабакаи Аларабӣ бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Раҳбари Эрон дар паёме ба донишҷуёни ҳомии миллати Фаластин дар Амрико гуфт, Шумо акнун дар самти дурусти таърих, ки дар ҳоли варақ хӯрдан аст, истодаед.Шумо бахше аз ҷабҳаи муқовиматро ташкил медиҳед ва зери фишорҳои сахти давлататон, ки ошкоро аз режими ғосиби саҳюнистӣ дифоъ мекунад, муборизоти шарофатмандонае оғоз кардаед.
Бозтоби паёми Мақоми муаззами раҳбарӣ хитоб ба донишҷуёни ҳомии Фаластин дар Амрико дар ҳисоби корбарии Алмаёдин
Ҳисоби корбарии шабакаи телевизионии Алмаёдин бо интишори паёме дар фазои маҷозии Х навишт: Сайид Алии Хоманаӣ- Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паёме хитоб ба донишҷуёни донишгоҳҳои Амрико таъкид кард онҳо илҳомбахши сартосари ҷаҳон будаанд, то дар баробари режими ғосиби Исроил биистанд.
Ин шабака дар идома бахшҳои муҳим аз паёми Раҳбари муаззами инқилобро хитоб ба донишҷуёни ҳомии Фаластин дар Амрико бозтоб дод.
Ҳисоби корбарии Закариё Аҳмад ал-Толибӣ- фаъоли яманӣ бо интишори паёме дар фазои маҷозӣ Х навишт: (Оятуллоҳ) Алии Хоманаӣ паёме ба ҷавонони тазоҳуркунандаи ҳомии Фаластин дар Амрико ирсол кард. Раҳбари Эрон ба ҷавонон ва донишҷуёни донишгоҳҳои Амрико, ки барои дифоъ аз кӯдакон ва занони Ғазза ба майдон омаданд, паёме ирсол кард.
Бозтоби номаи Мақоми муаззами раҳбарӣ дар пойгоҳи интернетии шабакаи Русия ал-Явм
Пойгоҳи интернитии шабакаи русии Ал-Явм навишт: (Оятуллоҳ) Алии Хоманаӣ-раҳбари (муаззам)и Эрон ба ҷавонон ва донишҷуёни донишгоҳҳои Амрико, ки дар дифоъ аз кӯдакон ва занони Ғазза ба майдон омадаанд, паём ирсол кард.
Ин пойгоҳ дар идома матни комили номаи Мақоми муаззами раҳбарӣ ба донишҷуёни ҳомии Фаластин дар Амрикоро мунташир кард.