Таъкиди фармондеҳони марзбонии Эрон ва Ироқ бар таъмини амнияти марзҳои муштарак
(last modified Thu, 30 May 2024 14:00:47 GMT )
Май 30, 2024 19:00 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди фармондеҳони марзбонии Эрон ва Ироқ бар таъмини амнияти марзҳои муштарак

Фармондеҳи марзбонии интизомии кишвар дар дидор бо фармондеҳи марзбонии кишвари Ироқ бар истеҳкоми марзҳои муштарак ва осонӣ дар тараддуди зоирони арбаъини ҳусайнӣ таъкид кард.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Садо ва Симо, сардор Аҳмадалии Гударзӣ дар дидори бо сипаҳбуди Муҳаммад Абдулваҳоб Сукар-фармондеҳи марзбонии кишвари Ироқ гуфт: Марзбонони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқ дар канори якдигар барои эҷоди амнияти мардуми ду кишвар дар марзҳо талош мекунанд ва марзбонии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баҳси марз ба булуғи комил даст ёфтааст ва имрӯз вазифаи таъмини амнияти 8 ҳазору 755 километр аз марзҳои тулонии Ҷумҳурии Исломии Эронро бар ӯҳда дорад.

 Фармондеҳи марзбонӣ дар идома бо ишора ба ҳамкории матлуби марзбонони ду кишвар дар арбаъини ҳусайнии соли гузашта, гуфт: Умед аст баргузории маросими арбаъини имсол ҳамроҳ бо ҳамкории мутақобили ду кишвари Эрон ва Ироқ бошад ва бо тавсеаи ҳамкориҳо шоҳиди афзоиши сатҳи амният низ бошем.

Муҳаммад Абдулваҳоб Сукар, фармондеҳи марзбонии кишвари Ироқ низ дар ин дидор бо таъкид бар ҳамкории матлуби марзӣ миёни ду кишвар, гуфт: Мутмаин ҳастем ҳамкориҳои марзӣ мӯҷиби тақвияти амнияти марзҳои байн ду кишвар мешавад.

 Гуфтанӣ аст, фармондеҳи марзбонии Ироқ ҳамроҳи ҳайате бо вазири дохилаи кишвари Ироқ ба даъвати фармондеҳии интизомии Ҷумҳурии исломӣ ба Эрон сафар кардааст.