Июн 01, 2024 18:27 Asia/Dushanbe
  • Албоми мусиқии ҳунарманди эронӣ яке аз 10 асари баргузудаи ҷаҳон
    Албоми мусиқии ҳунарманди эронӣ яке аз 10 асари баргузудаи ҷаҳон

Албоми мусиқии ҳунарманди эронӣ яке аз 10 асари баргузида ҷаҳон шуд.

Ба гузориши ИРНА, албоми мусиқии "Луко" асари Муҳсини Шарифён ба унвони яке аз 10 албоми баргузида дар бахши багпойп "Ни Анбон"-и ҷаҳон, тавассути маҷаллаи "Songlines" дар моҳ май 2024 интихоб ва муаррифи шуд.

Маҷаллаи "Songlines" як маҷаллаи мусиқи бо густараи фаъолият дар мусиқии ҷаҳон аст ки дар Британия ба сурати электруники ва физики мунташир мешавад. Муаррифии осори мусиқи дар гунаҳои мухталиф аз дербоз то мусиқиҳои ҷадид, интихоби беҳтарини албомҳои мусиқии дунё, муаррифии ҳунармандони ин арса ва эътои ҷоизаи сол аз аҳами фаъолиятҳои ин нашрия аст.

Маҷаллаи байналмилалии "Songlines" дар соли 1999 дар Британия роҳандози шуда аст. Ин нашрия ба таври тахассусӣ ба баррасии мусиқи навоҳии мухталифи ҷаҳон мепардозад.

Ин маҷалла соли 2013 низ албоми муштараки кайҳони Калҳури навозандаи эронӣ ва ардоли Арзанҷони навозандаи сози боқломо аз Туркияро дар миёни 10 асари баргузидаи соли 2013 муаррифи кард.

Барчасп