Июн 02, 2024 12:45 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими миллии давамайдонии Эрон дар ғарби Осиё
    Қаҳрамонии тими миллии давамайдонии Эрон дар ғарби Осиё

Тими миллии давамайдонии Эрон бо касби 40 медали рангоранг дар мусобиқоти ғарби Осиё қаҳрамон шуд.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо, рақобатҳои давамайдонии қаҳрамонии ғарби Осиё 9 то 13 хурдод ба мизбонии шаҳри Басраи Ироқ баргузор шуд ва тими Эрон бо 42 варзишкор дар ин мусобиқот ширкат кард.

Дар поёни ин рақобатҳо тими Эрон бо касби 40 медол шомили 21 тилло, 16 нуқра ва 3 биринҷи қаҳрамон шуд. Тими Ироқ ҳам бо касби 39 медол шомили 9 тилло, 13 нуқра ва 17 бирирнҷ дар ҷойгоҳи дувум истод ва Қатар бо 12 медал 6 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷ севум шуд.

Дар тими миллии Эрон саҳми бонувон бисёр пурранг буд, ба тавре ки аз 40 медоли касб шуда, 17 тилло, 12 нуқра ва 2 биринҷ тавассути шердхтрони азизмон касб шуд ва 4 рекорди миллӣ низ ҷо ба ҷо шуд.

Дар бахши мардон низ; 4 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷ дастоварди миллиипушони эронӣ буд.

Дар панҷумин давраи рақобатҳои ғарби Осиё, Нозанини Фотимаи Адёни рекорди миллии ду 400 метри ҷавонони кишварро шикаст ва Тактами Дасторбандон дар 800 метр, Парисои Араб дар 5000 метр ва тими 4 дар 400 метри рекорди миллии радаи синҳои бузургсолонро беҳбуд бахшиданд.

Барчасп