Июн 02, 2024 20:14 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Раҳбари инқилоб ба муносибати солгарди реҳлати имом Хумайнӣ
    Суханронии Раҳбари инқилоб ба муносибати солгарди реҳлати имом Хумайнӣ

Раҳбари муаззами инқилоб дар 35-умин маросими солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ), душанбеи чаҳордаҳуми хурдоди 1403 суханронӣ хоҳанд кард.

Маросими сивупанҷумин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузуру суханронии Раҳбари муаззами инқилоб баргузор хоҳад шуд.

Ин барнома субҳи рӯзи душанбеи чаҳордаҳуми хурдоди 1403 дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ), соати 8 субҳ оғоз мешавад.

Суханронӣ дар маросими 14 хурдод аз муҳимтарин дидорҳои солонаи Раҳбари инқилоб бо умуми мардуми Эрони исломӣ ва алоқамандони инқилоби исломӣ ва имом Хумайнӣ дар ҷаҳон аст, ки ба сурати маъмул дар ин баёнот мабонӣ ва усули мактаби имом Хумайнӣ (раҳ) ва масоили муҳими дохиливу байналмилалӣ табйин мешавад.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳам сивупанҷумин солгарди реҳлати ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) -ро ба шумо мухотабони азиз таслият арз мекунад.