Таъкиди Эрону Покистон бар оташбаси фаврӣ дар Борикаи Ғазза
(last modified Mon, 03 Jun 2024 08:36:03 GMT )
Июн 03, 2024 13:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрону Покистон бар оташбаси фаврӣ дар Борикаи Ғазза
    Таъкиди Эрону Покистон бар оташбаси фаврӣ дар Борикаи Ғазза

Сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва вазири умӯри хориҷаи Покистон дар гуфтугӯи телефонӣ бар зарурати оташбаси фаврӣ ва доим дар Борикаи Ғазза таъкид карданд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; « Боқирии Канӣ » сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон ва « Муҳамади Исҳоқ Дор » вазири умӯри хориҷаи Покистон дар гуфтугўи телефонӣ бар азми муштарак барои таъмиқу густариш беш аз пеши равобити дуҷонибаи таъкид ва дар бораи роҳкорҳои тақвияти сулҳу субот дар минтақа низ табодули назар карданд .

Ҳамчунин дар ин гуфтугӯ Боқирии Канӣ ва Исҳоқи Дор дар борам охирин таҳаввулоти марбӯт ба Фаластин вак маҳкӯмияти тадовуми ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ ва Ғазза гуфтугӯ ва бар зарурати барқарории оташбаси фаврӣ дар Борикаи Ғазза таъкид карданд .