Июн 05, 2024 09:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари 6 миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон дар соли 2023
    Сафари 6 миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон дар соли 2023

Созмони Милали Муттаҳид аз вуруди 6 миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон дар соли 2023 ва суъуди 6 зинаи Эрон дар радабандии ҷаҳонӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Созмони ҷаҳонии гардишгарии вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид дар ҷадидтарин гузориши худ бо баёни матлаби мазкур ва рушди қобили тавваҷуҳи вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон дар соли 2023 эълом кард, вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон дар ин сол нисбат ба соли 2022 бо рушди 43 дарсадӣ ҳамроҳ буда аст.

Барасоси ин гузориш, дар соли 2022, шумори гардишгарони хориҷии вуруди ба Эрон 4 миллиону садҳазор нафари эълом шуда буд.

Эрон дар соли 2022 дар рутбаи 40 ҷаҳон аз назари ҷамъияти гардишгарони хориҷии вуруди ба кишвар қарор дошт, аммо дар соли 2023 бо суъуди 6 зина дар ҷойгоҳи 34 қарор гирифта аст.

Барчасп