Июн 06, 2024 18:39 Asia/Dushanbe
  • Эрон чаҳорумин тавлидкунандаи дастгоҳи шитобдиҳандаи хаттӣ барои дармони саратон

Порс тудей-Мудири фурӯши як ширкати донишбунёни эронӣ аз ройзанӣ бо чанд кишвар аз ҷумла Уганда, Сурия ва Ироқ барои содироти шитобдиҳандаи хаттӣ хабар дод ва гуфт: Ин ширкат бо Уганда як қарордоди 20 миллиондолларӣ барои содирот имзо кардааст.

Бар асоси эъломи Илёсӣ-мудири фурӯши ширкати донишбунёни эронӣ «Беҳёр санъат сипоҳон», аз ҷумлаи фановариҳои мавриди истифода дар дармони саратон, дастгоҳҳои шитобдиҳандаи хаттӣ ҳастанд, ки бо тавлиди ашаъа ва бомбаборон тумур(омоси)и саратонӣ ба дармони саратон кумак мекунад.

 Илёсӣ бо ишора ба инки танҳо 3 кишвари Амрико, Англия ва Олмон иқдом ба сохти ин дастгоҳ кардаанд ва Эрон чаҳорумин тавлидкунандаи ин дастгоҳ дар дунё аст, афзуд: Ин ширкат бо ҳимоятҳои муовинати илмӣ ва фановарии раёсатҷумҳурӣ, Вазорати беҳдошт ва Созмон энергии атомии Эрон зарфи муддати 5 сол тавонист ин шитобдиҳандаи хаттиро тавлид кунад.

 Вай дар бораи нархи ин дастгоҳ дар Эрон дар муқоиса бо намунаҳои хориҷӣ гуфт: Нархи шитобдиҳандаи хаттӣ дар дигар кишварҳо ҳудуди 3 миллион доллар ва ҳазинаи нигаҳдории он солиёна ҳудуди 300 ҳазор доллар буда; дар ҳоле, ки қимати ин дастгоҳ дар дохили зери як миллион доллар аст.

 Ин фаъоли фановар аз ройзанӣ бо кишварҳои мухталиф аз ҷумла Уганда, Сурия ва Ироқ хабар дод ва афзуд: Бо Уганда як қарордоди 20 миллиондолларӣ барои содироти дастгоҳи шитобдиҳандаи хаттӣ имзо шудааст.

  Илёсӣ хотирнишон кард: Дар ин ширкати донишбунён 750 нафар иштиғол доранд, ки бисёре аз онҳо аз нухбагони Донишгоҳи санъатии Исфаҳон буда ва беш аз 85 дарсад неруи инсонӣ ширкат дар бахши таҳқиқ ва тавсеаи машғул ба фаъолият ҳастанд.

 

Барчасп