Июн 08, 2024 10:17 Asia/Dushanbe
  • Ноиб-қаҳрамонии тими куштии озоди Эрон дар Маҷористон

Рақобатҳои куштии озоди дараҷабандии Иттиҳодияи ҷаҳонии куштии Маҷористон(Венгрия) бо ноиби қаҳрамонии тими Эрон ба поён расид.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусобиқоти куштии озоди байналмилалии дар шаҳри Будапешти Венгрия баргузор шуд ва тими мунтахаби куштии озоди Эрон бо 8 намоянда ба 1 нишони тило, 2 нишони нуқра ва 2 нишони бринҷӣ ба унвони ноиб-қаҳрамонӣ даст пайдо кард.

 Дар ин мусобиқот Ҳасани Яздонӣ дар вазни 86 килограмм ба медали тилло даст ёфт. Аббоси Иброҳимзода дар вазни 65 килограмм ва Одили Паноҳиён дар вазни 79 килограмм ба медали нуқра расиданд ва Шаҳдоди Хусравӣ дар вазни 61 килограмм ва Алии Ризоӣ дар вазни 74 килограмм соҳиби медали бринҷӣ шуданд.

 Дар радабандии тимӣ Эрон бо таваҷҷуҳ ба надоштани 2 куштигир дар вазнҳои 92 ва 125 килограмм бо 117 имтиёз дар ҷойгоҳи дувум истод ва тимҳои Гурҷистон бо 133 имтиёз ва Амрико бо 70 имтиёз аввал ва севум шуданд.

 

Барчасп