Маҳкумияти қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ алайҳи Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115026-Маҳкумияти_қатъномаи_Шӯрои_мудирони_Ожонси_байналмилалии_энергии_атомӣ_алайҳи_Эрон
Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ алайҳи Эронро маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 08, 2024 13:00 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти қатъномаи Шӯрои мудирони  Ожонси байналмилалии энергии атомӣ алайҳи Эрон

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон қатъномаи Шӯрои мудирони Ожонси байналмилалии энергии атомӣ алайҳи Эронро маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар баёнияе эълом кард, Эрон ироа ва тасвиби ин қатъномаро иқдоми сиёсӣ ва ғайрсозанда ва дар идомаи сиёсатҳои шикастхӯрдаи қаблии бархе аз кишварҳои ғарбӣ ва талоше барои суъистифодаи сиёси аз созукорҳои байналмилалӣ алайҳи кишварҳои мустақил медонад.

 Дар қатъномаи Шӯрои мудирони  Ожонси байналмилалии энергии атомӣ бидуни ишора ба ҳамкориҳои Эрон бо ин ниҳод, аз Теҳрон хоста шуд то барои ҳаллу фасли масоили иддаоии подмон «иқдомоти зарурӣ ва фаврӣ» сурат диҳад.