Шӯри (завқ) интихоботӣ дар Эрон
Порс Тудей - Ҳамзамон бо наздик шудан ба рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Эрон , корбарони Эронии шабакаи иҷтимои Экс монанди дигар мардуми Эрон , бо шӯру ҳаяҷони хосе ин интихоботро дунбол мекунанд
«Сайид Иброҳими Раисӣ » ҳаштумин раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон 19 май дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи як сад дар шимоли ғарби Эрон , дучори сониҳаи ҳавоӣ шуд ва ба ҳамроҳ « Ҳусайн Амирабдуллоҳиён » вазири умӯри хориҷа ва дигари ҳамроҳон , ба шаҳодат расид .
Бинобар асли 131 қонӯни асосии Ҷумҳурии иИомии Эрон , дар сӯрати фавт , канорагирӣ ё беморӣ беш аз ду моҳ ва азли раисиҷумҳӯр , ё муҷиботи дигар аз ин гӯна , Шӯрои муваққати раёсатҷумҳурӣ муваззафаст тартибе диҳад ки ҳаддиаксари зарфи панҷоҳ рӯз раисиҷумҳӯри ҷадид интихоб шавад .
Бар ин асос , интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурӣ , 28 июни 2024 ( 8 тири 1403 ) баргузор хоҳад шуд .