Боқирӣ: Тақвияти равобити Эрон ва Туркия ба нафъи ду кишвар аст
Сарпарасти дастгоҳи дипломасии Эрон гуфт: Тақвияти пайвандҳои бештар дар равобити Эрон ва Туркия, натанҳо ба нафъи ду кишвар, балки дар ҷиҳати пойдории суботи минтақаӣ аст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Алии Боқирӣ сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрони рузи шанбе дар ҳошияи нишасти фавқулодаи шурои вазирони умури хориҷаи Созмони ҳамкории иқтисодии ҳашт кишвар дар ҳоли рушд "Ди-8" дар дидори Ҳокон Фидон, вазири умури хориҷаи Туркия бо қадрдони аз ибтикори арзишманди Туркия дар баргузарии нишасти Истонбул, ҳузури ҳайати Эрониро нишонгари иҳтимоми вижа ба масъалаи Фаластин ва ҳамчунин нақш ва мавзеи Туркия унвон кард.
Боқирӣ бо ишора ба иҳтимоми вижаи шаҳидон Сайид Иброҳими Раисӣ раиси ҷумҳур ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён вазири хориҷаи Эрон ба рушд ва таъмиқи равобити ду кишвар, бар иродаи ҷаддии Эрон барои рушди беш аз пеши равобити ру ба пешрафти ду кишвар ва пайгирии иҷроӣ шудани тавофуқоти суратгирифтаи байни сарони Эрон ва Туркия ба хусус дар абъоди иқтисодӣ ва тиҷорӣ таъкид кард.
Ҳокон Фидон вазири умури хориҷаи Туркия низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ширкати Алии Боқирӣ сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти Истонбул дар ин давраи ҳассос ва фавқулода, баъд аз шаҳодати Сайид Иброҳими Раисӣ ва ҳамроҳони вай аз руйкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ва ҳузури фаъол дар арсаҳои сиёсӣ ва минтақаӣ тамҷид ва аз рушд ва тақвияти созукорҳои ҳамкориҳои минтақаӣ истиқбол кард.
Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин бо ишора ба абъоди мутанави ва мутаъаддиди равобити муҳими Анкара ва Теҳрон, бар тадовум ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои иқтисодӣ ва энержӣ ва ҳамчунин мубориза бо тероризм дар чорчуби тавофуқоти хуби суратгирифта дар сафарҳои раисони ҷумҳурии ду кишвар таъкид кард.