Қаҳрамонии куштии фарангии Эрон бо касби 12 нишони рангоранг
Июн 10, 2024 11:24 Asia/Dushanbe
Дар поёни рақобатҳои байналмилалии куштии фарангии ранкинги Иттиҳодияи ҷаҳонии Ҷоми Имре Поляк ва Ёнус Варга дар шаҳри Будапести Маҷористон , тими мунтахаби Эрон бо касби 2 нишони талло , 2 нуқра ва 8 бринҷӣ қаҳрамон шуд .
Ба гузориши гурӯҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо , дар радабандии тимӣ , Эрон бо 173 имтиёз қаҳрамон шуд ва тимҳои Гурҷистон бо 137 ва Маҷористон бо 113 имтиёз дувум ва сеюм шуданд .