Июн 10, 2024 21:07 Asia/Dushanbe
  • Рушди муносиботи Теҳрон ва Пекан дар қолаби БРИКС ва Шанхай
    Рушди муносиботи Теҳрон ва Пекан дар қолаби БРИКС ва Шанхай

Намояндагони Эрон ва Чин дар нишасти вазирони умури хориҷаи гуруҳи БРИКС дар Русия дар бораи мавзуъоти дуҷониба, минтақа ва байналмилалӣ ва низ рушди муносиботи Теҳрон ва Пекан гуфтугу карданд.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва Симо, Алии Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрони пеш аз оғози иҷлоси вазирони хориҷаи БРИКС бо Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин дидор ва ройзани кард.

Мавзуъоти дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ ва низ рушди муносиботи Теҳрон ва Пекан дар қолаби БРИКС ва Шанхай аз ҷумлаи мавзуъоти мавриди баҳс дар ин дидор буд.

Вонг Йи вазири умури хориҷаи Чин дар дидор бо Алии Боқирии Канӣ сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бар мавозеъи Чин мабни бар таъаҳҳуд ба тамомияти арзӣ ва ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Иҷлоси вазирони хориҷаи кишварҳои узви БРИКС, ки нахустин нишасти Вазирони умури хориҷа пас аз пайвастани Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шумор меравад, имруз душанбе бо як дақиқаи сукут ба эҳтироми раиси ҷумҳур ва вазери хориҷаи шаҳид, Сайид Иброҳими Раисӣ ва Ҳусейн Амирабдуллоҳиён дар шаҳри Нижний Новгороди Русия оғоз шуда аст.

Барчасп