Июн 11, 2024 11:15 Asia/Dushanbe
  • Тавонмандиҳои Эрон дар заминаи нақшабардорӣ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор мегирад

Раиси Созмони нақшабардории Эрон эълом кард: Зарфиятҳо ва тавонмандиҳои Созмони нақшабардории Эрон дар ихтиёри Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ҷумҳурии Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Ҷовидона рӯзи душанбе 10 июн дар нишасти муштараки Созмони нақшабардории Эрон ва Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳор дошт: Баргузории ин нишаст дар ростои аҳдофи тафоҳумномаи имзошуда байни раисони ҷумҳури Эрон ва Тоҷикистон дар замони шаҳид оятуллоҳ Раисӣ аст.

 Вай бо ишора ба тавонмандиҳои Созмони нақшабардории Эрон, афзуд: Ин зарфиятҳо ва тавонмандиҳо дар ихтиёри кишвари Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт ва нишасти имрӯз битавонад заминасози таомулоти баъдӣ шавад.

 Ҷовидона бо муаррифии созмони нақшабардории кишвараш, идома дод: Сомонаҳои таъйини мавқеияти доимӣ ва ҳавзаи зерсохти иттилооти макон барои ҳайати тоҷик ироа хоҳад шуд; Ҳамчунин истгоҳи таъйини мавқеияти доим барои таъйини мухтасоти кишвар истифода кардем.

 Раиси Созмони нақшабардории Эрон изофа кард: Ҳайати тоҷик илова бар Созмони нақшабардорӣ аз Созмони фазоии Эрон ва Созмони заминшиносӣ боздид хоҳанд дошт, ки Созмони фазоӣ дар заминаи ирсоли моҳвора ва Созмони заминшиносӣ дар хусуси иҷрои геофизика фаъолият доранд.

 Вай бо баён инки ба ҷуз ҳамкорҳое, ки дар бахши давлатӣ байни ду кишвар вуҷуд дорад, гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба музокироте, ки аз қабл анҷом шуда, пешниҳод шуд то аз зарфиятҳои бахши хусусӣ ва ширкатҳои фаъол дар ҳавзаи нақшабардорӣ ва аксбардории ҳавоӣ бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва паҳпод низ истифода кунанд.

 Ҷовидона бо ишора ба ҳамкориҳо дар ҳавзаи омӯзиш, таъкид кард: Баргузории давраҳои омӯзиши кӯтоҳмуддат барои коркунони Кумитаи давлатии мудирияти замин ва геодизияи ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва барои давраҳои таҳсилоти такмилӣ ва дарозмуддат дар ҳавзаи муҳандисии нақшабардорӣ музокироте дар Вазорати улум барои барқарории бурсияҳо(квотаҳо)и омӯзишӣ анҷом шуда ва Вазорати улум дар ҳоли имзои тафоҳумномае бо Вазорати илми Тоҷикистон аст.

 Раиси Созмони нақшабардорӣ баён дошт: Дар канори ироаи қобилитҳои бахши хусусии Эрон ва баҳсҳои донишгоҳӣ, аз бахши хусусии фаъол дар ҳавзаи омӯзиш ва муҳандисии нақшабардорӣ даъват кардем, то дар Тоҷикистон давраҳои омӯзиш ва таҳсилоти такмилӣ баргузор кунанд.

 

 

Барчасп