Таъкиди Эрон бар таваққуфи фаврии ҳамлаҳои режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бар таваққуфи фаврии ҳамлаҳои режими наслкуши Исроил ба борикаи Ғазза ва ташкили нишасти вежаи Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии ҷиноятҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Козими Ғарибободӣ-муовини умури байналмилалии қувваи қазоия ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон дар номае ба Умар Занибар-раиси Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ва Фолкер Турк-комиссари олии ҳуқуқи башари ин ниҳоди байналмилалӣ бо маҳкум кардани ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба урдугоҳи оворагони фаластинӣ дар шимолу ғарби Рафаҳ ва урдугоҳи Алнасирот дар борикаи Ғазза, баргузории нишасти вежа барои баррасии ин ҷиноятҳо ва эҷоди созукори вежа ва нав барои сабт ва ҷамъоварии санадҳо ва далелҳои поймолсозии густурда ва ҷиддии ҳуқуқ башар тавассути режими сохтагии Исроилро хостор шуд.
Ғарибободӣ гуфт, режими Исроил бо силоҳҳои амрикоӣ оворагони фаластинӣ дар Рафаҳро дар чодарҳояшон сӯзонда ва интишори тасвирҳои дилхароши ин ҳодиса дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, афкори умумии ҷаҳониёнро ба шиддат халалдор кардааст.
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон бо маҳкум кардани бомбаборони ваҳшёнаи урдугоҳи оворагони фаластинӣ дар Рафаҳ, бар иқдомҳои амалии дигар кишварҳо дар муқобили режими мутаҷовизи саҳюнистӣ ва поён додан ба ин фоҷеъаҳои ғайриинсонӣ таъкид кард.
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон зимни ибрози инзиҷор аз ҷинояти зидди башарият ва наслкушии доманадори режими саҳюнистӣ, аз комиссари олии ҳуқуқи башар ба унвони олитарин мақоми ҳуқуқи башари СММ ва раиси Шӯрои ҳуқуқи башари ин ниҳод хост, то бо шунидани нидои имдодталабии мардуми мазлуми Фаластин ва ҳамдилӣ ва ҳамроҳӣ бо хостаҳои ҷунбишҳои эътирозӣ ва адолатхоҳи донишҷӯӣ ва мардуми зидди ҷинояти Исроил дар Ғазза, ҳама неруҳо ва зарфиятҳои байналмилалиро барои муқобила, истодагӣ ва таваққуфи мошини куштори режими саҳюнистӣ ба кор бигиранд.
Девони байналмилалии додгустарии мустақар дар Гаага, олитарин марҷаъи қазоии СММ, рӯзи ҷумъа 24 май раъй дод, ки Исроил бояд "фавран" ҳамлаи низомии худ ба ҷануби борикаи Ғаззаро мутаваққиф кунад.