Июн 13, 2024 18:14 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Узбакистон дар масири рафъи монеъаҳои транзитӣ

Нахустин нишасти гуруҳи кории муштараки ҳамкориҳои ҳамлу нақлӣ ва транзитии Эрон ва Узбакистон бо ҳадафи шиносоӣ ва рафъи монеъаҳои ҳамлу нақл ва транзити коло байни ду кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар ин нишаст, ки дар Тошканд баргузор шуд, вазъияти долонҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва минтақаӣ, ҳамчунин роҳҳои тавсеаи ҳамкории Теҳрон ва Тошканд дар ҳавзаи ҳамлу нақли ҷодаӣ, рейлӣ ва ҳавоӣ баррасӣ ва ду кишвар дар робита бо коҳиши ҳазинаҳои ҳамлу нақлӣ ва ташрифоти изофии гумруки ба тафоҳум расиданд.

 

Барчасп