Январ 09, 2017 16:05 Asia/Dushanbe
  • Паёмҳои таслияти сарону мақомоти кишварҳои мухталиф дар пайи даргузашти Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Шуморе аз сарону мақомоти кишварҳои мухталиф дар паёмҳои худ даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эронро ба миллат, ҳукумат ва хонаводаи он марҳум таслият гуфтанд.

Аммор Ҳаким, раиси Эътилофи миллии Ироқ дар паёми таслиятии худ ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ӯро шахсияти барҷаста дар ҳаёти инқилобӣ, сиёсӣ,  фарҳангии Эрон, минтақа ва ҷаҳон муаррифӣ кард. Нурӣ Моликӣ, муовини раисҷумҳур ва дабири кулли Ҳизб-уд-даъваи Ироқ низ шаби якшанбе дар паёме зимни таслияти даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ мардуми Эрон ва хонаводаи он марҳум таъкид кард, мардуми Эрон ҳеҷ гоҳ талошҳои хастагинопазири Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро дар робита ба амалӣ кардани оромонҳои инқилоб ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон фаромӯш нахоҳанд кард. Дар паёми Моликӣ омадааст: "Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар масири пойдор намудани низоми ҷумҳурии исломӣ ва хати Имом Хумайнӣ (раҳ.) мушкилоти зиёдро таҳаммул кард". Пеш аз ин Фуод Маъсум, раисҷумҳури Ироқ паёме ба ҳамин муносибат хитоб ба раҳбарӣ ва миллату Ҳукумати Эрон ирсол карда буд.

Шайх Сабоҳ ал-Ҳамад Ҷобир ас-Сабоҳ, амири Кувейт низ дар паёме хитоб ба раисҷумҳури Эрон даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низомро таслият гуфт. Амири Кувейт дар ин паём зимни ибрози ҳамдардӣ ба ҳукумат ва миллати Эрон барои марҳум Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ раҳмату мағфирати Худованд ва барои миллати Эрон сабру шикебоӣ орзу кард. Дар ҳамин ҳол, Ҳамд ибни Исо Оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн шомгоҳи якшанбе дар паёме, ки барои раисҷумҳури Эрон ирсол кард, даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфт. Анвар Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷии Иморот низ дар вокуниш ба хабари даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ таъкид кард, номи Ҳошимӣ бо ҷумҳурии исломӣ ва инқилоби мардуми Эрон зидди режими шоҳашоҳӣ гиреҳ хӯрдааст. Шайх Халифа ибни Зоид, раис, Муҳаммад ибни Рошид, нахуствазир ва Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, валиаҳди Иморот ҳам дар паёмҳои ҷудогона даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро таслият гуфтанд.  Ҳамчунин Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия, Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури пешини ин кишвар ва Гари Луис, ҳамоҳангкунандаи Созмони Милал дар Эрон бо интишори паёмҳое бинобар даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ибрози ҳамдардӣ намуда, даргузашти ин шахсиятро ба миллати Эрону хонаводаи он марҳум таслият гуфтанд. Нарендро Моди, нахуствазири Ҳинд низ дар паёме аз тарафи як миллиарду дусаду панҷоҳ миллион нафар мардуми Ҳинд амиқтарин таслиятро барои даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба миллати Эрон иброз кард.

Оятуллоҳ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва аз пешгомони Инқилоби Исломӣ ба далели сактаи қалбӣ шомгоҳи рӯзи якшанбе дори фониро видоъ гуфт. Ӯ аз соли 1958 то даврони пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар тамоми саҳнаҳои муборизот ҳузури чашмгир дошт; дастгир шуданҳои ба такрору пай дар пай дар ҳафт давра, аз сол 1337 (1958) то 1357 (1979) натавонист дар азми эшон дар робита ба идомаи наҳзати исломӣ бо раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ.) халал эҷод кунад. Раёсати ҷумҳурии исломӣ, раёсати Маҷлиси хубрагон, раёсати Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ҷонишини фармондеҳи кулли қуво, раёсати Шӯрои олии дифоъ ва раёсати Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аз ҷумлаи симматҳое буданд, ки Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ масъулияти онҳоро ба уҳда дошт.

 

Барчасп