Рӯнамоӣ аз панҷ доруи зидди саратони эронӣ
Июн 16, 2024 17:42 Asia/Dushanbe
Панҷ доруи зидди саратони эронӣ дар 10 гуруҳи саломат рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Эрон пресс”, Сайид Парвизи Фаттоҳ, раиси Ситоди иҷрои фармони имом Хумайнӣ (раҳ) дар маросими рӯнамоӣ аз панҷ доруи зидди саратони эронӣ гуфт: Ин доруҳо 50 дарсади ниёзи кишвар ба доруҳои саратониро бартараф мекунанд.
Ба гуфтаи Парвизи Фаттоҳ, доруҳои тавлидшуда ҳашт миллион доллар сарфаҷӯии арзӣ хоҳад дошт.
Капсули “Ibrutinib” (дармони саратони хун), “Osimertinib” (барои дармони саратони рия), “Enzalutamide” (доруи дармони саратони простат), қурси “Caspofungin” (доруи зидди қорч) ва қурси “Olaparib” (доруи саратони тухмдон) доруҳое буданд, ки рӯнамоӣ шуданд.
Барчасп