Июн 16, 2024 17:50 Asia/Dushanbe
  • Афви зиндониён аз тарафи Раҳбари инқилоб
    Афви зиндониён аз тарафи Раҳбари инқилоб

Ҳамзамон бо Иди Саиди Қурбон ва дар остонаи иди Саиди Ғадири Хум, Раҳбари инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифу табдили муҷозоти 2654 нафар аз маҳкумони маҳокими мухталиф мувофиқат карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоия дар номае ба Раҳбари инқилоби исломии Эрон, пешниҳоди афв ё тахфифу табдили муҷозоти ин маҳкумонро, ки парвандаҳои афви онон дар комиссиюни афву бахшудагӣ баррасӣ шудаву воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 асли 110 қонуни асосӣ мавриди қабули ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.

 

Барчасп