Рӯҳонӣ: Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ шахсияти беназири инқилоб буд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i11527-Рӯҳонӣ_Оятуллоҳ_Ҳошимии_Рафсанҷонӣ_шахсияти_беназири_инқилоб_буд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, марҳум оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро шахсияти беназир дар даврони наҳзат ва Инқилоби исломӣ муаррифӣ кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 09, 2017 17:24 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ шахсияти беназири инқилоб буд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, марҳум оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро шахсияти беназир дар даврони наҳзат ва Инқилоби исломӣ муаррифӣ кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ-раисиҷумҳури Эрон, имрӯз дар маросими видоъ бо пайкари оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ҳусайнияи Ҷаморон, дар Теҳрон ба хабарнигорон гуфт, дар даврони Наҳзати исломӣ, то пирӯзии Инқилоби исломӣ, умури асосӣ ва бисёр сахт бар дӯши ин шахсияти бузург ва мубориз буд.

Вай афзуд, марҳум оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар ҳамаи мароҳили инқилоб ва дар даврони созандагӣ ва бозсозии вайрониҳои пас аз ҷанги таҳмилӣ, рашодатҳои беназире аз худ нишон дод ва ҳеҷ вақт аз саҳна канор нарфт ва мушкилот, эшонро аз масираш ҷудо накард‎.

Рӯҳонӣ тасреҳ кард, марҳум оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, то охрин лаҳзаи зиндагӣ ва умри пурбаркати худ низ ёри Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ буд‎ ва орзӯҳои баланде барои сарбаландӣ ва азамати миллати Эрон ва  Инқилоби исломӣ дошт.

Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, барои идомаи роҳи оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ҳама бавижа ҷавонон бояд дар саҳна бошанд, то Инқилоб исломӣ ва низомро ба нуқтаи матлуби назар, хости мардум ва Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бирасонанд.

‎Дар ҳамин ҳол, Алии Лориҷонӣ-раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар нишасти душанбеи маҷлис, бо ибрози таассуф аз реҳлати оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфт, номи он марҳум бо номи Инқилоби исломӣ ҳамроҳ буда ва ҳаст.

Оятуллоҳ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ-раиси Маҷмааи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, якшанбешаб ба сабаби оризаи қалбӣ дар бемористони шуҳадои Таҷриши Теҳрон даргузашт.