Табрики иди саиди Қурбон
(last modified Mon, 17 Jun 2024 13:19:26 GMT )
Июн 17, 2024 18:19 Asia/Dushanbe
  •  Табрики иди саиди Қурбон
     Табрики иди саиди Қурбон

Имруз душанбе даҳуми зилҳҷҷаи 1445 ҳиҷрии қамарии баробар бо 19 июни 2024 иди саиди Қурбон ё иди азҳи аз аъёди бузург мусулмонон аст.

Дар иди саиди Қурбони ҳоҷиёне ки ба зиёрати хонаи Худо рафтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои У қурбони мекунанд ва хотираи Паёмбари бузурги Илоҳӣ, ҳазрати Иброҳим(а)ро зинда ва гироми медоранд.

Худованд барои озмудани имон ва ихлос ба ҳазрати Иброҳим(а) маъмурият дод ки фарзандаши ҳазрати Исмоил(а)ро дар роҳи Худо қурбонӣ кунад.

Ҳазрати Иброҳим(а) бо вуҷуди душвории ин кор, ба фармони илоҳи гардан ниҳод ва барои иҷрои ин маъмурият муҳаё шуд аммо ҳарчи талош кард, корд галуи фарзандаш ҳазрати Исмоил(а)ро набурид.

Дар ин ҳол ба ҳазрати Иброҳим(а) хитоб шуд аз имтиҳони илоҳи сарбаланд берун омада аст ва он гоҳ гусфанди фиристода шуд то вай онро ба ҷои ҳазрати Исмоил(а), қурбони кунад.

Ин моҷарои ибратангез, дарси фидокорӣ аз худгузаштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафас ва таслим дар баробари фармон худованд аст.

Ба ҳамин далел мусулмонони ҷаҳон низ рузи даҳуми зилҳҷҷаҳро ба унвони як иди бузург ва бошукуҳи исломӣ гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандаги меомузанд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани иди саиди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳони табрику таҳният мегуяд.

Табрики иди саиди Қурбон