Июн 17, 2024 18:23 Asia/Dushanbe
  • 25 нишони рангоранг саҳми вушукорони Эрон дар мусобиқоти БРИКС
    25 нишони рангоранг саҳми вушукорони Эрон дар мусобиқоти БРИКС

Милипушони вушуи Эрон дар бозиҳои БРИКС 25 нишони рангорангро касб карданд.

Рақобатҳои вушуии бозиҳои БРИКС 2024 ба мизбонии Қазон дар Русия бо ҳузури 4751 варзишкор аз 60 кишвар баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо корвони 18 нафараи вушуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду бахши сондо ва толуи занон ва мардон дар ин пайкорҳо муваффақ ба касби 25 медоли рангоранг шомили 4 тилло, 10 нуқра ва 11 биринҷ шуд.

Тими Эрон дар ин мусобиқот чаҳорум шуд, Русия, Беларус ва Чин низ аввал то севум шуданд.

Пас аз Эрон ки дар радаи чаҳоруми ин бозиҳо қарор дорад, Узбекистон, Бразилия, Муғулистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Туркияи кишварҳои радаҳои панҷум то даҳум ҳастанд.  

Барчасп