Нахустин мунозираи интихоботи риёсатҷумҳури Эрон баргузор шуд
(last modified Tue, 18 Jun 2024 07:55:15 GMT )
Июн 18, 2024 12:55 Asia/Dushanbe
  • Нахустин мунозираи интихоботи риёсатҷумҳури Эрон баргузор шуд

Нахустин мунозираи интихоботи телевизионии номзадҳои чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон баргузор шуд.

Интихоботи чаҳордаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон рӯзи ҷумъа 28 июни 2024 ( 8 тир 1403) баргузор хоҳад шуд.

 Дар нахустин мунозираи интихоботии телевизионии номзадҳои чаҳордаҳумин интихоботи раёсатҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён,Мустафо Пурмуҳаммадӣ, Саиди Ҷалилӣ, Алиризо Зоконӣ,Сайид Амирҳусайн Қозизодаи Ҳошимӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф,номзадҳои интихобот бо меҳварияти мавзӯъоти иқтисодӣ дидгоҳҳо ва барномаҳояшонро ташреҳ карданд ва ба саволоти баранда ва матолиби матраҳшуда тавассути номзадҳои дигар посух доданд.

 Мунозира дар 3 марҳилаи аслӣ баргузор шуд, ки тайи он дар ҳар марҳила ҳар номзад дар 4 дақиқаи аввал ба саволоти коршиносон посух дод ва дар 4 дақиқаи дувум, ба нақди изҳороти дигар номзадҳо пардохт.

 Дар марҳилаи ниҳоии мунозира низ ҳар номзад тайи 6 дақиқа сӯҳбатҳои худро ҷамъбандӣ кард.