Июн 19, 2024 09:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории донишгоҳи покистонӣ бо Эрон дар бахши забон
    Ҳамкории донишгоҳи покистонӣ бо Эрон дар бахши забон

Донишгоҳи забонҳои миллии Покистон барои густариши ҳамкорӣ бо Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод дар ростои тавсеаи муносиботи фарҳангии Эрону Покистони эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Маҳмуди Киёнӣ, раиси Донишгоҳи забонҳои миллии Покистон дар дидор бо Маҷиди Мишкӣ, ройзани фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Исломобод зимни қадрдонӣ аз ҳамкории Ройзании фарҳангии Эрон дар Покистон бо гуруҳи забону адаби форсии Донишгоҳи забонҳои миллии Покистон, омодагии ин донишгоҳро барои ҳар гуна ҳамкорӣ дар заминаҳои илмӣ, пажӯҳишӣ ва фарҳангӣ бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ройзании фарҳангии Эрон эълом кард.

 

Барчасп