Январ 09, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми мақомоти кишварҳо ба оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ

Дар пайи даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмааи ташхиси маслиҳати низоми Эрон, сарон ва мақомоти кишварҳои мухталиф дар паёмҳои ҷудогонае бо ибрози таассуф аз ин талафоти бузург, бар азамати шахсияти ин сиёсатмадори барҷастаи эронӣ, дар таърихи муосири Эрон ва ҷаҳон таъкид карданд.

Дақоиқе пас аз интишори хабари даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, бозтобҳои хабарӣ, ёддоштҳои Твитерӣ ва паёмҳои ҷудогона аз сӯи сарон ва чеҳраҳои сиёсӣ дар расонаҳои минтақа ва ҷаҳон инъикоси вижае дошт.

 Ҳоким ва вазири умури хориҷаи Амороти муттаҳидаи арабӣ, амири Дубай ва валиаҳди Абузабӣ дар паёмҳои худ, зимни тасалияти фиқдони ин шахсияти мисол заднии ҷаҳони Ислом, бар нигоҳи воқеъгаро ва эътидолгарои эшон таъкид карданд.

Амир, валиаҳд ва нахуствазири Кувайт ва ҳамчунин Амир ва валиаҳди Баҳрайн низ бо паёмҳои ҷудогона, хитоб ба раисиҷумҳури Эрон аз даст додани яке аз чеҳраҳои ба ёдмондании таърихи муосири ин кишварро тасалият гуфтанд.

Раисиҷумҳур, муовини раисиҷумҳур, нахуствазир ва вазири хориҷаи Ироқ, Саид Амор Ҳаким-раҳбари Эътилофи милли Ироқ, Саидҳасан Насруллоҳ- дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, вазири умури хориҷаи Туркия ва раисиҷумҳури собиқи ин кишвар, нахуствазири Ҳинд, раисони ҷумҳурии Никарагуа, Венесуэла, раисиҷумҳури Афғонистон ва фаъолони сиёсии ин кишвар ва вазорати умури хориҷаи Чин дар паёмҳои ҷудогона мусибати ғамангези даргузашти оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷониро фиқдони бузург барои ҷаҳони Ислом донистанд ва бар ҷойгоҳи барҷастаи ин шахсияти бузурги исломии Эрони муосир таъкид карданд.