Мизони рушди иқтисодии Эрон; Болотар аз кишварҳои минтақа
Раиси кулли Бонки марказии Эрон гуфт:Мизони рушди иқтисодии Эрон бар асоси омори эъломии Бонки ҷаҳонӣ, аз бисёре аз кишварҳо аз ҷумла ҳама кишварҳои ҳамсоя ва минтақа, болотар аст.
Пешбинии рушди иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2024-2025 ба мизони панҷ дарсад эълом шуд, ки дар муқобили рақами 3/8 дарсади соли 2022 қарор дорад.
Сандуқи байналмилалии пул низ ба тозагӣ мутавассити рушди солонаи иқтисодии Эрон дар се сол гузаштаро 3/8 дарсад баровард карда, ки 2/5 баробар рушди иқтисодӣ дар ҳашт соли 2013 то поёни 2021 нишон медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Муҳаммадризо Фарзин-раиси кулли Бонки марказии Эрон дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати давлат дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба мутавассити нархи рушди Эрон дар солҳои гузашта ва соир кишварҳо дар сол 2023 бар асоси гузориши ахири Бонки ҷаҳонӣ, болотарин мизони рушди мутааллиқ ба Эрон бо панҷ дарсад будааст.
Раиси кулли Бонки марказии Эрон, ҳамчунин ба мизони рушди ташкили сармоя дар Эрон ишора кард ва гуфт, мизорни рушди ташкили сармоя ҳамчунон рушди бисёр хубе аст ва соли гузашта мизони рушди ташкили сармояи муодили 6.7 дарсад буд, ки имсол афзоиш пайдо карда ва ба 7.2 дарсад расидааст.