Ройзаниҳои амниятии Эрон - Русия дар Теҳрон
-
Ҳамкориҳои Эрону Русия
Мақомоти Эрону Русия ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи муқобила бо терроризм, ҷароими созмонёфта ва маводи мухаддирро баррасӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (Исна), Александр Вандиктов, муовини дабири Шӯрои амнияти миллии Русия, ки дар садри ҳайате олирутба барои ширкат дар дуюмин нишасти солонаи муовинони дабирони Шӯрои амнияти Эрону Русия ба Теҳрон сафар кардааст, дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи муқобила бо терроризм, ҷароими созмонёфта, маводи мухаддир ва ҳамчунин масоили роҳбурдии минтақаӣ ва байналмилалӣ бо мақомоти Эрон табодули назар кард.
Терроризм аз ҷиддитарин таҳдидҳои қарни бистуякум асту ҳадаф аз ин гуна ҳамалот, ки тавассути сервисҳои иттилоотии бархе кишварҳо низ пуштибонӣ мешавад, тазъифи пояҳои қонуни асосӣ ва бесуботии давлатҳои мустақил аст.