Дидори сарпарасти Вазорати хориҷаи Эрон бо Исмоил Ҳания дар Қатар
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар дидор бо раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар Давҳа, дар бораи таҳаввулот дар борикаи Ғазза табодули назар кард.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Алӣ Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон, ки барои анҷоми сафаре чандсоата ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти қатарӣ дар бораи муносиботи дуҷониба ва таҳаввулоти минтақа, ба вижа шароити ҷорӣ дар борикаи Ғазза, рӯзи чаҳоршанбе ба Давҳа рафта буд, бо Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) низ дидору гуфтугӯ кард.
Ҷузъиёти бештари ин дидор мунташир нашудааст.
Ройзанӣ ва табодули назар бо мақомоти қатарӣ дар бораи басиҷи зарфиятҳои ҷаҳони Ислом барои поён бахшидан ба ҷиноёту наслкушии режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва кумакрасонии фаврӣ ба сокинони Ғазза, аз меҳварҳои гуфтугӯ ва табодули назари сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Давҳа эълом шуда буд.
Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон пештар низ дар гуфтугӯ бо шайх Муҳаммад бин Абдурраҳмон оли Сонӣ, нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар бо таъкид бар ин ки идомаву ташдиди ҷинояти саҳюнистҳо дар борикаи Ғазза бидуни ҳазина нахоҳад буд, идома ва тақвияти таомулу ҳамкорӣ байни Теҳрону Давҳа ва дигар кишварҳои исломӣ барои дифоъ аз миллати Фаластинро хостор шуд.