Июн 21, 2024 20:59 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳбандии даври сеюми интихобии футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2026
    Гуруҳбандии даври сеюми интихобии футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2026

Гуруҳбандии даври сеюми интихобии футболи Ҷоми Ҷаҳонии 2026 дар қораи Осиё эълом шуд ва тими Эрон дар ҷамъи 3 тими бартар қарор гирифт.

Ба гузориши гуруҳи варзишии Хабаргузории садо ва симо, дар ин давр барои нахустин бор 3 тими Қирғизистон, Индонезия ва Фаластин низ ҳозир ҳастанд ва 18 тими роҳёбанда бар асоси раддабандии Фифа дар июни 2024, ки дирӯз мунташир шуд, дар 6 пот (гуруҳ)-и 3 тимӣ тақсимбандӣ шуданд.

Тимҳо дар даври сеюм дар 6 гуруҳ ва ба сурати рафту баргашт рақобат хоҳанд кард.

Дар поён аз ҳар гуруҳ тимҳои аввалу дувум мустақиман ба Ҷоми Ҷаҳонӣ роҳ меёбанду тимҳои сеюму чаҳоруми ҳар гуруҳ ба даври чаҳоруми интихобӣ мераванд.

Гуруҳбандии мусобиқот ба ин шарҳ аст:

Поти як: Ҷопон, Эрон ва Кореяи Ҷанубӣ

Поти ду: Австралия, Қатар ва Ироқ

Поти се: Арабистон, Узбакистон ва Урдун

Поти чаҳор: Иморот, Уммон ва Баҳрайн

Поти панҷ: Чин, Фаластин ва Қирғизистон

Поти шаш: Кореяи Шимолӣ, Индонезия ва Кувайт

Ҳар 18 тим дар даври дувум тавонистаанд муҷаввизи ҳузурро дар Ҷоми миллатҳои Осиё - 2027 дар Арабистон касб кунанд. Қуръакашии даври сеюм панҷшанбеи 7 тири 1403 дар мақари Конфедератсияи футболи Осиё дар Куалалумпури Малайзия баргузор мешавад ва ҳафтаи нахуст панҷшанбеи 15 шаҳривари 1403 баргузор хоҳад шуд.

Тими Эрон дар даври нахусти интихобӣ истироҳат кард ва дар даври дувум 4 - 0 ва 4 - 2 тими Ҳонг Конг, бо 5 ва 1 гол тими Туркманистонро шикаст дод ва бо тими Узбакистон 2 - 2 мусовӣ кард ва бо 14 имтиёз ба унвони тими нахуст боло рафту роҳхат гирифт.

 

Барчасп